Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияҳои нави бомбгузории нофарҷоми Ню Йорк


Муфаттишони амрикоӣ, дар ҷустӯҷуи аломатҳои нақши унсурҳои хориҷӣ дар бомбгузории нофарҷом дар майдони Таймзи шаҳри Ню Йорк мебошанд. Рӯзномаи “Вашингтон Пост”, аз қавли як манбаъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико навиштааст, ки зоҳиран бомбгузории Ню Йоркро, чанд нафар ва бо ширкати унсурҳои хориҷӣ тарҳрезӣ кардаанд. Аммо гуфтаанд, мақомоти расмӣ, бо вуҷуди ишораи муфаттишон ба нақши шабакаҳои хориҷӣ, ҳатмӣ нест, ки ин кори Ал-Қоида ва гурӯҳи дигари террористӣ бошад. Масъулияти бомбгузории нофарҷоми Ню Йоркро рӯзи якшанбе гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG