Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулҳои вазири "миллионери" қирғизро ёфтанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, тақрибан 9 миллион доллари мутаалиқ ба Боқит Қалиев вазири дифоъи пешини кишварро, аз сейфи як бонк дар Бишкек пайдо кардаанд. Бойтемир Иброев, додситони кулли муваққати Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бар изофаи пулҳо ҳамчунин мӯҳрҳои ноҳияҳои шаҳри Бишкек низ дар сейф ошкор шудааст. Ба гуфтаи додситон, зоҳиран мӯҳри ноҳияҳоро барои амалиётҳои бонкӣ ва интиқоли ғайриқонунии пул истифода мекарданд. Боқит Қалиев ҳоло дар боздоштгоҳ аст. Ҳукумати Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон рӯзи 7 апрел баъди бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони амниятӣ, ки 80 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, аз Бишкек фирор карданд.
XS
SM
MD
LG