Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғизои олуда даҳҳо кӯдакро дар Русия бемор кард


Дар вилояти Аштархони Русия тақрибан 40 муҳассили мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бар асари истеъмоли ғизои олуда, бемор шудаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ҳамаи ин наврасони аз 8 то 14 сола шогидони мактаби рустои Тузуклей будаанд. Нахустин мавриди беморӣ рӯзи 30 апрел сабт шудааст ва бақияи наврасон рӯзҳои истироҳат бемор шудаанд. Пулиси Аштархон ба таҳқиқи ин қазия пардохтааст ва мақомоти расмии вилоят ҳам гуфтанд, ки ба зудӣ натиҷаҳои ташхиси озмоишгоҳии ғизои мактабро эълом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG