Пайвандҳои дастрасӣ

Насли нави iPad ҷаҳонгир мешавад


Бунгоҳи Apple имрӯз гуфт, ки дар давоми як моҳи ахир, яъне аз замони ба бозор омадани iPad ё компютерҳои хурди худ як миллион донаи онро ба фурӯш расондааст, ки нисбат ба замони ба бозор омадани iPhone ду баробар бештар будааст. Бунгоҳи Apple мегӯяд, рӯзи ҷумъа рӯзи вижае буд, вақте, ки навъи нави 3G-и iPad бори аввал барои фурӯш ба харидорон пешкаш шуд. Ин навъи нави iPad имкони васл шудан бо AT&T's, яъне ба шабакаи телефонҳои ҳамроҳи Амрикоро дорад, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет васл аст. Навъи пешини он танҳо имкони васл шудан бо интернети бесим ё Wi-Fi-ро дошт. Фурӯши iPad 3-юми апрел дар Амрико шуруъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG