Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснанишинии 4 мухолифи давлати Қазоқистон


Имрӯз 4 нафар аз фаъолони мухолифони Қазоқистон ба нишонаи эътироз бар зидди рафтори пулис даст ба гуруснанишинӣ заданд. Онҳо мехостанд ба муносибати Рӯзи Май ҳамоише созмон диҳанд. Раҳбарии ин гуруснанишиниро Жасарал Куанишалин ба ӯҳда дорад ва се нафари дигар ба вай ҳамроҳӣ мекунанд. Рӯзи якшанбеи 2-юми май додгоҳи Алмаато Ермек Наримбоев-як шахсияти мухолифонро ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард ва Куанишалин барои созмон додани ҳамоиши ғайриқонунӣ ба маблағе баробари 100 доллар ҷарима шуд.
XS
SM
MD
LG