Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон


Анҷумани журналистии «Медиа алянс» бо пуштибоии чанд созмони дигари журналистии дохилӣ вазъи озодии сухан дар Тоҷикистонро саҳнасозӣ кард ва эътирози хабарнигорон аз вуҷуди мушкилот дар ин бахш бо усулҳои мухталиф ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунон дар ин рӯз ҷоизаҳои Мазҳабшо Муҳаббатшоев барои ҷасорати журналистӣ ва ҷоизаи Отахон Латифӣ барои матолиби беҳтарин дар мавриди бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ба ғолибони озмунҳо тақдим шуд.

Ҳамзамон Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон низ бо таъсиси як мизи гирд аз Рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил кард. Дар ин мизи гирд посухи ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дархости хабарнигорон дар рӯзи озодии баён дар соли гузашта дар ҳузури ширкатдорон муаррифӣ шуд.

Дар ин ду маросим инчуин масоили марбут ба озодии сухан дар Тоҷикистон ҳам баҳс шуд. Гузориши тасвирии забарнигори Озодӣ аз маросими таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе:


Рӯзи матбуот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
XS
SM
MD
LG