Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов бори дигар кишварҳои болообро танқид кард


Дар ҳоле ки баҳс бар сари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун авҷ гирифтааст, президенти Узбакистон Ислом Каримов бори дигар сиёсати обу энержии кишварҳои ҳамсояи поёнобро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ сиёсати ҳамсояҳои худро "кӯтоҳназарӣ" номид.

Дар расми ифтитоҳи ҷаласаи солонаи Шӯрои Мудирони Бонки Осиёии Рушд, ки сеюми май дар шаҳри Тошканд барпо шуд, Каримов кишварҳои ҳамсояро бо "кӯтоҳназарӣ дар мавриди таъсири сиёсатҳои онҳо ба муҳити зист" муттаҳам кард.

Каримов мегӯяд: "Ба қавли узбакҳо дар ҷое об набошад, ҳаёт ҳам нест". Аз ин рӯ, гуфт президенти Узбакистон, ин кишвар масъаларо хеле ҷиддӣ арзёбӣ мекунад.

Аммо афзуд, оқои Каримов: "баъзе кишварҳои ҳамсоя, ба вижа кишварҳои болооб, дар ин бора ақидаи дигар доранд ва ҳеҷ фикр намекунанд, ки паёмади ин сиёсат чӣ хоҳад буд?"

Тоҷикистон, ки яке аз ҳамсоя-кишварҳои Узбакистон аст, бо истифода аз захираҳои дохилӣ такмили нерӯгоҳи барқу оби Роғунро шурӯъ кардааст, вале Узбакистон хавф дорад, ки бунёди сарбанди 335-метра саноати пахтакории Узбакистонро барбод хоҳад кард. Саноати пахтакории Узбакистон ба оби Тоҷикистону Қирғизистон вобаста аст.

Хабаргузории Франс пресс менависад, одатан аснои баҳси масъалаҳои мухталиф Тошканд содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро ба ҳайси фишанги фишор истифода мебарад ва имсол ҳамчунон транзити бор ба воситаи роҳи оҳанро маҳдуд кардааст.

Мақомоти Тошканд боздошти ғаразноки молу колои Тоҷикистон дар қаламравошро рад намуда, мегӯяд, мушкили фаннӣ мебошад.

Франс пресс хотирнишон мекунад, ки баҳси миёни Душанбеву Тошканд таърихи тӯлонӣ дошта ва дар он созмонҳои байналмилалӣ ҳам шомил ҳастанд.

Моҳи гузашта ҳангоми боздид аз минтақа дабири кулли СММ Бан Кӣ мун аз мушкилоти миёни кишварҳои ОсиёИ Марказӣ ибрози нигаронӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG