Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро журналистон дар бораи президент наменависанд?


Озодии баён дар расонаҳои кишвар нисбатан рушд кардаву, доираи мавзӯъҳое, ки рӯзноманигорон матраҳ мекунанд фарохтар шудааст, аммо то ҳанӯз мавзӯъҳое зиёде ҳастанд, ки аз баёни онҳо журналистон ҳамчунон ҳарос доранд.

Аз ҷумла, то имрӯз рӯзноманигорон ва ҷомеаи Тоҷикистон наметавонанд ба дороиҳои сарватмандони Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд. Яке аз дигар мавзӯъҳои ба истилоҳ «парҳезӣ» - ин инъикоси ҳаёт ва фаъолияти мақомоти баландпояи кишвар аст, ки то имрӯз нокушода боқӣ мемонад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик, бар ин аст, ки дастрасии маҳдуд ба маълумот боиси он шудааст, ки журналистикаи тоҷик ҳанӯз ҳам дар асоси далелҳои тасдиқшуда фаъолият накарда, ҳафтаномаҳои кишвар аксаран гирди мавзӯъҳои хиёбонӣ сӯҳбат мекунанд. Хилватшоҳ мегӯяд, ҳоли ҳозир чандин мавзӯъҳоеро метавон ном бурд, ки бо вуҷуди сирри давлатӣ ва мамнӯъ набуданашон, журналистони тоҷик дар баррасии онҳо дасти кӯтаҳ доранд. Вай парвандаҳои ҷиноиро мисол меорад, ки аллакай баррасӣ шудаанд, вале журналистон дастрасӣ надоранд, то ин ки тавонанд шаффофияти онро таҳқиқ бикунанд.

Абдуазими Абдулваҳҳоб, рӯзноманигори ҷавон ва барандаи ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи
Муҳаббатшоҳ барои ҷасорати журналистӣ, мегӯяд, ӯ аксаран матолиби сиёсиву иҷтимоиро ба риштаи таҳлил мекашад. Аммо, ба гуфтаи Абдуазим, мавзӯъҳои зиёде дорад, ки мехоҳад дар ин бора бинависад, ҳарчанд мутмаин нест, ки матбуоти тоҷик барои нашри он омода бошад. Вай барои намуна мегӯяд, ҳарчанд президент шахсан иҷозат додааст, ки дар борааш матлаб бинависанд, вале то ҳол матбуоти тоҷик ва ё ягон расонаи дар ин кишвар оид ба шахсиятҳои аввали давлат мавод нашр накардааст.

Фаридуни Раҳнавард, дигар рӯзноманигори ҷавон, мегӯяд, нокушода мондани бархе аз мавзӯҳо ба он бастагӣ дорад, ки исбот кардани онҳо барои як ва ё ҳатто гурӯҳе аз журналистон ғайриимкон аст. Фаридун меафзояд, ба ошкоргӯии рӯзноманигорон ҳамчунин мавҷудияти моддаҳои тӯҳмат ва таҳқир дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон монеъа мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир мавориди муҳокимаи хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ барои чопи матолиби ба истилоҳ «тӯҳматомез ва таҳқиромез» дар кишвар афзоиш ёфтаву, то ҳанӯз баҳсҳои додгоҳӣ ба муқобили панҷ нашрияи кишвар идома дорад. Абдулазизи Восеъ, мусоҳиби дигари мо, мегӯяд, дар ҳоле ки мавҷудияти худсонсурӣ аз мушкилоти аслии рӯзноманигорони ҷавон боқӣ мондааст, ба амал омадани чунин қазияҳо метавонад ба бадтар шудани вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон боис шавад. Абдулазиз мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон як ниҳоди давлатӣ агар кадом як нашрияро барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ бикашад, додгоҳ кӯшиш мекунад қазияро ба нафъи ҳамин ниҳоди давлатӣ ҳал кунад.

Коршиносон мегӯянд, набуди озодии комили баён яке аз иллатҳои роҳандозӣ нашудани матбуоти ҳаррӯза дар ин кишвар аст. Маҳз ба ҳамин сабаб, ба андешаи Акрами Абдуқаҳҳор, рӯзноманигори ҷавон, журналистони озодандеш ба навиштани блогҳо дар сомонаҳои интернетӣ рӯ овардаанд.

Аммо бо ин ҳама, имсол дар ҳисоботи ахири созмони хабарнигорони бидуни марз, барои нахустин бор Тоҷикистон дар баробари 15 давлати душмани интернет, ба гурӯҳи 11 кишваре шомил шудааст, ки барои рушди оздии баён дар интернет монеъаҳои зиёд эҷод мекунанд.











































XS
SM
MD
LG