Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои пулӣ барои боздошти ёрони Қ. Боқиев


Ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои маълумоте, ки заминаи боздошти хешовандони фирории Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ва муттаҳидони вайро фароҳам орад, ҷоиза муқаррар кардааст. Ин ҷавоиз аз 20 000 то 100 000 долларро дар бар мегирад. Мақомоти ҳукумати муваққатӣ гуфтаанд, ки даҳҳо нафар аз хешовандону кормандони аршади давлати Боқиев барои ҷиноятҳои марговар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Яке аз писарони Боқиев ва се бародараш аз ҷумлаи чунин ашхос ба шумор мераванд. Дониёр Усенов-нахуствазири пешини Қирғизистон низ ҷустуҷӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG