Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов барои об аз ҳамсояҳояш интиқод кард


Имрӯз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон кишварҳои ҳамсояро барои надоштани масъулият аз "пайомадҳо"-и сиёсати обиашон интиқод кард. Ин суханони Каримов зимни паёмаш дар иҷлоси солонаи Бонки Осиёии Рушд дар Тошканд садо дод. Дар давоми 43 соли фаъолият бори аввал ҷаласаи солонаи ин ниҳоди молии Осиё дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад. Ӯзбекистон аз муддатҳо қабл бар сари сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун бо Тоҷикистон ихтилоф дорад. Тоҷикистон-кишвари фақири минтақа умед дорад, ки бо такмили сохтмони ниругоҳи Роғун барқи худро содир ва даромад ба даст меорад. Ӯзбекистон ҳарос дорад, ки Тоҷикистон дар обанбори Роғун обро захира мекунад ва Ӯзбекистонро пойбанди худ месозад. Ӯзбекистон барои обёрии мазореи пахтаи худ ба оби Тоҷикистону Қирғизистон ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG