Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз сирояти полиомелити Тоҷикистон ҳарос дорад


Тибқи хабари Newsland.ru Геннадий Онишенко-сартабаби бахши беҳдоштии Русия эълон кардааст, ки муассисаи онҳо парвозҳои Тоҷикистон ба Русияро зери назорат хоҳад гирифт. Сабаби он ҷилвгирӣ аз сирояти "ангезандаи ваҳшӣ"-и полеомелит ё фалаҷи кӯдакон ба Русия будааст, ки ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон омадааст. Роспотребнадзор аз қавли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ки бемории фалаҷи кӯдакон аз воксин ё эмкунӣ пайдо нашудааст. Қаблан Онишенко гуфта буд, ки муассисаи вай омода аст як гурӯҳи табибонро барои ташхиси ин беморӣ ба Тоҷикистон фиристад. Ҳоло ҳудуди як миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва миёни шаҳрҳои ин ду кишвар ҳавопаймоҳо мунтазам парвоз мекунанд. Ба ин далел Онишенко имкони сирояти ин беморӣ ба Русияро истисно намедонад. Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 26-ӯми январи соли 2009 то 20-ӯми апрели соли 2010 дар Тоҷикистон 120 мавриди гирифтории ин беморӣ дар миёни кӯдакони аз 5 сола то наврасони 16 сола сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG