Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шогирдони мактаб аз ғизо заҳролуд шудаанд


Дар минтақаи Волгаи вилояти Астрахани Русия тақрибан 40 хонандаи мактаб ба эҳтимоли заҳролуд шудан аз ғизо дар шифохона бистарӣ шудаанд. 13 нафари шогирдони мактаби деҳи Тузуклей аз 8 то 13 солаанд. Нахустин бемор барои кӯмак ба табибон 30-юми апрел муроҷеа кард. Дигарон дар рӯзҳои шанбеву якшанбе ба кӯмаки тиббӣ эҳтиёҷ пайдо карданд. Пулиси маҳаллӣ расидагӣ ба ин ҳодисаро оғоз кардааст ва мақомоти вилоятӣ гуфтаанд, ки то поёни рӯз натиҷаҳои санҷиши ғизои таомхонаи мактабро ба нашр мерасонанд.
XS
SM
MD
LG