Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ҷиргатол бо намаду қолину ҷӯробу рӯймол


Ҷӯробу руймолҳои пашмӣ, намаду қолин ва даҳҳо навъи маҳсулоти аз пашм таҳияшуда маҳсули дастони бонувони ҷиргатолист, ки дар хориҷи кишвар низ харидорони худро пайдо кардаанд.

Ҳамасола беш аз дусад сайёҳу кӯҳнавард, ки дар ноҳияи Чиргатол баландтарин қуллаҳои Тоҷикистонро фатҳ мекунанд, ба ҳангоми бозгашт намунаҳои ҳунари занони ҷиргатолиро харидорӣ мекардаанд. Ин офаридаҳо хеле зебо ва нақшу рангҳоеро дар бар гирифтаанд, ки таваҷӯҳи бинандаро ба худ мекашанд. Қимати ин маҳсулоти аз пашм бофташуда гуногун буда, агар ҷӯробҳои пашмӣ аз 15 то 20 сомонӣ арзиш дошта бошанд, пас намадҳо вобаста ба ҳаҷмашон аз 100 то 250 доллар будаанд.

Хосият Холбоева яке аз занҳои фаъоли ноҳия аст, ки созмони ғайридавлатии «Гулноз»-ро ташкилк арда, даҳҳо зани ҳунармандро дар он гирд овардааст. Хосият Холбоева 64 сол дорад ва мегӯяд, ба оҳистагӣ аз байн рафтани санъати қадима ӯро водор кард, то якчанд лоиҳаро дар ин замина ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намояд.

Қаҳрамони гузориши мо Хосият Холбоева зодаи шаҳри Самарқанд буда, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст ва ҳамчун як зани ҳунарманд дар офаридаҳояш осори қадимаи мардуми точикро бо намунаҳои ҳунари халқи қирғиз бо ҳам омезиш додааст.

Дар баробари он ки маҳсули дастони бонувони Ҷиргатолро хориҷиҳо харидорӣ мекунанд, мардуми маҳаллӣ низ аз ин офаридаҳо фаровон истифода мекардаанд. Дар пайравӣ аз суннати ниёгон дар аксари хонаҳои арӯсу домод, рӯи зинҳои асп ва дохили мошинҳову юртаҳои қирғизӣ ва саду як ҷойи дигар нақши дастони бонувони ҳунарманд дида мешавад.

Хосият Холбоева худро зани хушбахт меҳисобад, ки кӯшишу заҳматаш давоми ин солҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бефоида набудааст. Вай мегӯяд, фаъолияти кориаш фақат ба Ҷиргатол маҳдуд нашуда, ба бонувони навоҳии Рашту Тавилдара низ ҳунар омӯзондааст. Саломат ном шогирди ӯ аз Рашт мегӯяд, ӯ ва 20 бонуи дигар дар ноҳияи Рашт бо дастгирии хонум Холбоева ба бофтани намаду ҷӯробҳои пашмӣ шурӯъ кардаанд. Кибриёи Маъруф, як сокини дигари Рашт мегӯяд, дар шароите, ки минтака ягон коргоҳи саноатӣ надорад, ҷалби занони бесаробон ва бидуни шуғлмонда ба ин кор муҳим аст. Кибриё мегӯяд, афзоиши азҳампошии оилаҳо ва муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷи кишвар шумори занони эҳтиёҷманду бесаробонро дар ҷомеа афзудааст.

Хосият Холбоева мегӯяд, агар мақомоти маҳаллии Ҷиргатол дар ихтиёраш як биноеро вогузор мекард, ӯ он ҷо нахустин намоишгоҳи ҳунари бонувонро дар ин водӣ таъсис медод.
XS
SM
MD
LG