Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ба паланги эронӣ "бӯса" фиристод


Владимир Путин-нахуствазири Русия имрӯз ба дидани паланге рафт, ки Эрон ба Русия фиристодааст. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш Путин дар телевизиони давлатӣ бо хирси сафед зоҳир шуд. Путин палангро ба сӯи қафаси наваш раҳнамоӣ мекард ва мегуфт: "Натарс, биё гардиш мекунем". Ин паланг яке аз ду модапалангест, ки Эрон дар ивази ду бабри Русия ба ин кишвар додааст ва он навъе мубодила дониста мешавад. Русия умед дорад, ки ин ду модапаланги эронӣ бо ду паланги нари Туркиманистон, ки ба Русия ҳадя карда буд, оила барпо мекунанд ва насли ин навъи паланги қафқозиро дар Русия ривоҷ медиҳанд. Нахуствазири Русия вақти худоҳофизӣ ба сӯи паланг "ҳавоӣ" бо кафи даст бӯса фиристод.
XS
SM
MD
LG