Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 000 доллар подош барои боздошти писари президент


Ҳукумати муваққати Қирғизистон барои боздошти як гурӯҳ аз наздикони раисиҷумҳури сарнагуншуда Қурмонбек Боқиев, ки дар қатлу куштор ва ба тороҷи амволи давлат муттаҳам мешаванд, ҷоиза таъйин кардааст.

Ҳукумати муваққат барои касоне, ки дар ҷустуҷӯ ва боздошти афроди муттаҳам ҳамкорӣ мекунанд, аз 20 ҳазор то 100 ҳазор долларии амрикоӣ подош ваъда кардааст.

Дар феҳристи афроде, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад, бародарони президенти собиқ Жонибек Боқиев, Аҳмадбек Боқиев ва писари ӯ, раиси пешини Оҷонси сармоягузории Қирғизистон Максим Боқиев, ҳамчунин нахуст вазири пешин Дониёр Ҳусейнов ва боз ҳафт тани дигар шомиланд.

Ба иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои пайдо кардан ва таҳқиқи парвандаҳои аъзои ин гурӯҳ, кормандони кумитаи амният ва вазорати дохилаи ин кишвар ҷалб шудаанд.

Ин манбаъ афзуд, шахсияти афроде, ки маҳали будубоши ин ҷинояткоронро ба ниҳодҳои интизомӣ хабар медиҳанд, пинҳон хоҳад монд.

Ҳукумати ба раҳбарии Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон ба думболи ҳаводиси рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел сарнагун шуд. Баъди ин ҳаводис, ки бар асри онҳо ҳудуди 80 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд, Қурмонбек Боқиев ва афроди наздик ба ӯ умдатан аз Бишкек фирор карданд.

Қурмонбек Боқиев ҳашт рӯз баъди барканорияш аз мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ва барканор шуданаш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба ҷануби Қирғизистон рафта буд.

Аммо баъдтар, бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш берун, ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.

Қурмонбек Боқиев бо даъват ва мусоидати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Минск рафт дар ҳоли ҳозир дар он ҷо ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG