Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ бозшумории дастии оро шуруъ шуд


Имрӯз мақомоти Ироқ дар Бағдод ба бозшумории дастии ҳудуди 2,5 миллион орои интихоботи порламонӣ шуруъ карданд. Ин бозшуморӣ бино ба дархости Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ анҷом мегирад. Вай иддао дорад, ки дар Бағдод дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд. Баъд аз эълони натиҷаҳои муқаддамотии оро, ки тибқи он бо тафовути хеле кам эътилофи нахуствазир интихоботро бохта буд, нахуствазир дархост кард, ки орои райдиҳандагон бозшуморӣ шавад. Интихобот 7-ӯми март баргузор шуда буд. Тибқи натиҷаҳои эълоншуда эътилофи Иёд Алавӣ-нахуствазири пешин дар порламон ду курсӣ бештар аз Нурӣ ал Моликӣ ба даст овардааст. Дар чунин ҳолат ҳеҷ як аз ин ду эътлоф наметавонад дар танҳоӣ ҳукумат ташкил кунад. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки бозшумории дастии оро ду ҳафтаро дар бар мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG