Пайвандҳои дастрасӣ

Алло! Аллё!.. Ма киюм?.. Э охи вай... ту кийи? Чӣ? Ҳамиҷа Германияяй? Мегум ҳаму ҷое, ки ту дар гушут телефон мондагии немисистонай? Ҳа-а, э бале... Курт дар хонашай? Э охи, ҳами Курт, мегум, дар хонаш ҳаст ё не? Хай, ки боша телефонда фарёдуш ку... Ту гарангӣ, мастӣ, чӣ хелии... Кар пар-ку нестӣ? Курта пеши телефон ҷеғ зан мегум! Ҳова! Ҷеғуш бзан. Мешинӣ «явол-явол»-у «йя-йя» када...

Ҳаму ҳолӣ рафти? Хай тезтар бра... Э ту бра бгуш, вай худуш медона! Бгу, ки бовои Сайвалӣ ҷеғ задестай... И сғера маст буд бангӣ буд чи хели буд... Курт? Курт?! Ту дони худову фардои қиёматут, ту Курти? Э маладес. Маладеси мегум! Нағзӣ, дурустӣ, бардамӣ, бақувватӣ? Ма киюм? Э охи вай... мара, мегум, шинохтӣ? Шинохтим?! Э маладес... Ҳова, бовои Сайвалиюм. Шапалоқом ай хотирут набромадан? Шаттаҳом чӣ? Ҳў, дар падвали Рейхстаг... Мо гитлерковӣ дромадагӣ бдем-ку...

Асосан ҳамаш айби ҳаму Ворошил шид. Ба мо, ухели, чиш меган, инструктаж дод. Гуфт, ки: «Бо дар ҳаму дарун трақопруқи бисёр накунен, охи вай, тир напарронен, у раҳматӣ Гитлер муш вореяй. Овози милтиқа шунид, худша дар ягон ҳеча ҷо мекна. Барои ҳами касе ай пештон бромад, чапалоқшапакуш бкнен»...

Мо ҳам «пири ту Мардон» гуфтему грехтем... охи вай, падвалда дромадем... Се чортаи аввалша ба ду калламуштӣ ғелондум... Яке ай пешум ту бромади: хароб, мурданӣ... Ростша бгум, дилум сухт. Дар чапоти аввал шавкат парид. Сарут кал... Бо дилум сухт. Гуфтум ягон шапаллоқи дигат бгирум, тамом мешай. Бо як бор дилум сухт...

Ҳолӣ ҳичи му - пу бровардӣ? Не? Э бечора... Ҳаму вахт, дастта тарафи даҳанут бурда ишора карди ки: «Як даҳан нонум бте, ма, лишна, ҳами гитлера қати кудаку чудакуш миёрум метумут... Неки паъат грехт. У дар ҳаму Рейхстагам одам доштай, падарқусур... Хай тонист, ошуш шаваю...

Э биё и гапора мон... С празником! С празником, мегум! Мо ҳозир дар боғи ғалабамонем. Иди ғалаба кардестем. Шумо ҳам боғи ғалаба дорен?.. Наход? Э бечораҳо... Ид чи ид? Празник! Ҳа-а... Э бечораҳо... Барои шумо иди рамазон беҳтарай? Э бечораҳо... Ҳова, мо празник дорем. Бо дар празнико ҳарчимон метан. Туну... охи вай, медалмон метан, дору, памперс... Ҳова, хурданимонам метан. Рузои ид.

Не, и телефони наберачамай. Ина ҳами ҳоли, нафаскашим намонда, ай тафум кашидестай-ку. Ай афтуш бо «пул бте» мега. Шумо ҳам ҳамихели телефонои киссагӣ дорен? Дорен?! Э маладес... Ай шухи фроем, ҳами шумоям кам-кам пеш рафтестен...

Ҳова, мо ҳамамон ҳами руз дар боғи ғалабамон ҷамъ шуда гуфтем, ки як аҳволпурсит бкнем... Неки тоҷикира зур ёд гирифтай. Дар ҳаму ҷоҳои шумоям тоҷико ҳастан? Хелаян? Рост мегуй, ҳоли дар ҳама ҷой бисёран... Ба ғайр ай ватани худшон... Ҳа-а... Хай зуран охи...

Рост мегуй, мо дар давруш ҷаҳона ба тиру туфанг гирифтаги бдему бачаҳакои ҳозира ба белу лапотка... Зуран...

Ҳаму деволтонам ҳамуҳо вайрон кадан? Мегум ҳаму деволи байни Берлинам бачаҳакои мо чаппа кадан? (Бечора бо кар ҳам шидай чи бало...). Хай зуран охи! Ориёиян. Ҳо медонум. Шумо ҳам ориёиен. Ариес, ариес... Ҳоли ҳами мардум дам назанан, мо асосан хешу таборему... неки просто намемонанмон...

Ҳо, туёра танзим кардану неки празнико ҳастан. «Ҷуъмаги»-ю «ҳафт»-ам танзим кадан. (Худо ай ҳаму як даҳан оши «дармовой»-ям гирифт...) Празникора ҳоли не... Хай ҳами хели кадестан аку, чи кор мекуни... Албат кадомшон бе ҷои кор мондиян...

Э, гуш кун. Як руз бхе биё! Ҳозир дига мумкинай. Биё, ту дони худову фардои қиёматут, ҳами мардум бфаҳман, ки ма дуруғ намегум. Як ғайрат кун. Ту ай усу белат гир биё, ма ай ису худум равонут мекунум. Ҳа, белатут мехарум! Чипта... Чияй охи, ҳами пенсаи чор панҷсолама ҷамъ мекунум, мешава як чипта...

Хай, майлуш! Набераҳота ай номи бовои Сайвалӣ салом бгу. Дар байни набераҳот ягон духтарчаи хушруҳак боша, ба ҳаму бачаҳакои моя бте. Одамои хубан. Ориёи... Хай! Э диди, ҳами «Хай!»-ёмонам монандане. Паноҳут ба худо... Ҳами празники мо ба шумо ҳам муборак боша! Илоҳи шумо ҳам ба ҳами рузои мо брасен. Омин, Оллоҳу Акбар...

Маҳ, бачам, телефонта бги , батарейкашам тамом шудагист. Гапи бисёр задем... Чи батарейка надошт? Телефон? Чиба? Барои ки телефонут бозичаи кудаконаяй? Э-е...

Маҳ и пула бгиру дур-дур бози ку. Бо да ҳар куҷо эзмагӣ карда нагарди... Агане, мардум меган, ки бовот дуруғгуяй. Ҳамаи ҳамяроқо медонан, ки бовои Сайвалӣ ҳеҷ вақт дуруғ намега...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG