Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён Радиои Озодӣ дар гуфтугӯе бо Мухтор Боқизода, раиси Созимони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, нахуст аз ҳадафи мизи гирди “Озодии баён ва мушкилоти матбуоти Тоҷикистон”, ки имрӯз дар Душанбе доир мешавад, пурсон шуд.

Мухтор Боқизода: - Баҳсу баррасии мушкилоти ВАО ва дар ин заминаи рушди озодии баён дар Тоҷикистон аз ҳадафи аслии ин нишаст дар рӯзи байналмилалии озодии баён дар ҷаҳон аст. Пеш аз ҳама муроҷиатномае, ки қаблан ба таърихи 30-уми июни соли 2009 таҳия ва аз сӯи созмонҳои журналистӣ қабул шуда ва ба унвонии Ҳукумат ироа гардид, мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт. Зеро, то ба ҳол Ҳукумат ба ин муроҷиати созмонҳои рӯзноманигорӣ, ки мушкилоти ВАО –ро дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ матраҳ карда дуданд, вокунише нишон надодааст. Умедворем, намояндаи Ҳукумат дар нишасти имрӯз ширкат ва сари ин мавзӯъ низ изҳори баён хоҳад кард ва дар ҷараёни нишаст роҳу василаҳои ҳалли мушкилоти ВАО, ки дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мувоҷеҳ шудаанд, пайдо хоҳад шуд.

Хуршеди Ҳамдам: - Яъне, аз назари созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба фаъолияти ВАО таъсири амиқе расондааст, бале?

Мухтор Боқизода: -Оре, вақте, ки ВАО –и Тоҷикистон маводи чопиро аз хориҷ дастрас мекунад, ин бегуфтугӯ ба фаъолияти молии онҳо асар мегузорад ва мушкилоти фаровонеро ба вуҷуд меорад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон қаблан ба бӯҳрон дучор буд. Фикр мекунам, дар нишасти имрӯз қабл аз ҳама хабарнигорон ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хосе хоҳанд кард, то аз паёмадҳои номатлуби бӯҳрон дар фаъолияташон ҷилавгирӣ куннад.

Хуршеди Ҳамдам: -Аз назари Шумо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бештар ба кадоме аз ВАО – давлатӣ ва ё мустақил таъсир расондааст?

Мухтор Боқизода: - Ин мусаллам аст, ки расонаҳои давлатӣ, ҳам аз лиҳози хонанда ва ҳам аз лиҳози молӣ зарари зиёде намебинанд, аммо дар ин марҳала ин расонаҳо низ дар канор нахоҳанд монд ва то ҷое, ин таъсирро мутаҳаммил шудаанд. Вале бештарин зарбаи бӯҳронро расонаҳои мустақил рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро аксарияти ВАО –и мустақил, ки худ маводи чопиро аз берун дастрас мекунад ва ҳомие низ дар ин замина надоранд, бештарин мушкилотро доштанд ва ҳамакнун низ дар рӯ ба рӯи ин проблема ҳастанд.

Хуршеди Ҳамдам: -Аммо Шумо итминон ва бовар доред, ки дар ин шароит давлат метавонад ба ВАО –и мустақил низ дар ин замина кумак кунад?

Мухтор Боқизода: -Имрӯз вақте ба фаъолияти расонаҳои мустақил назар меандозем, мебинем, ки ҳукумат то андозае ба фаъолияти ин ВАО хушназар аст. Дар сӯҳбатҳое миёни созмонҳои рӯзноманигорӣ ва бархе аз масъулони ҳукуматӣ, мансабдорони давлатӣ аз дуҷор шудани бархе аз расонаҳои мустақил ба бӯҳрони молӣ изҳори нигаронӣ карда буданд. Ва ман бар онам, ки ҳар ҳукумате, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро дар миёни мардум пиёда карданист, бояд аз ин гуна расонаҳои мустақил самаранок истифода барад. Зеро расонаҳои давлатӣ на ҳама вақт метавонанд ба ҷомеъа ахбори дақиқу саҳеҳро расонанд. Мушоҳидаҳои мо низ ҳокист, ки дар нашрияҳои давлатӣ бештар дар бораи ҷаласаҳои ҳукуматӣ сухан меравад ва ахбору иттилоот медиҳанд.

Хуршеди Ҳамдам: -Яке аз мавзӯъоте, ки шумо фармудед, дар нишасти имрӯз матраҳ мешавад, баррасии вазъи озодии баён аст. Ба ҳайси раиси Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон вазъи озодии баёнро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Мухтор Боқизода: -Агар гӯям, ки озодии сухан дар Тоҷикистон сад дар сад таъмин аст, воқеъият нахоҳад дошт. Аммо нисбат ба солҳои гузашта, теъдоди нашрияҳо ва ҳафтаномаҳои мустақил меафзояд ва ҳар кадоме саъй мекунад, то рисолати худро дар назди ҷомеъа ифо кунад. Вале дида мешавад, ки ҳафтаномаҳои мустақил ба масоили сиёсии ҷомеъа камтар даст мезананд ва масоили марбутро бозтоб медиҳанд. Ин сабаб дорад. Чун, нашрияҳо, ки бештар аз ҳисоби фурӯш фаъол ҳастанд, дар чунин шароит кушиш мекунанд, ки тиҷораташонро аз даст надиҳанд.

Хуршеди Ҳамдам: -Аммо дар ин авохир, мавориди ба додгоҳ кашонда шудани нашрияҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додрасҳои додгоҳҳо дар ҳоли густариш будааст. Магар ин аз он далолат намекунад, ки расонаҳо нақше дар пӯшиши масоили доғи ҷомеъа доранд?

Мухтор Боқизода: -Инро касе инкор намекунад. Албатта он мавзӯъоти доғе, ки бархе аз ҳафтанома матраҳ мекунанд, далели ҳамин аст. Вале барои пайдо кардани ҳосилаи ду карат ду зарурате нест, ки ин ё он шаҳрванд ва ё ин он он мақомоти қудратӣ ва давлатӣ ба суд муроҷиат барад. Балки ниҳодҳое ҳаст, ки метавонад чунин баҳсҳоро ба таври сулҳомез ва мусолиҳаомез ҳал кунад. Масалан, Иттиҳодияи журналистон ё Шӯрои ВАО, ки ахиран ташкил ёфт, метавонад дар ҳалли оштипазири ин қазияҳо кумаку мусоидат кунад. Албатта нашрияҳое, ки ба додгоҳ кашонда шудаанд, аз манфиатдории ниҳодҳои давлатӣ далолат мекунад. Зеро онҳо намехоҳанд, ки ҷурме, ки содир кардаанд, аз он ҷомеъа огоҳ шавад. Вақте, ки нашрияҳо дар бораи камбуди ниҳодҳои давлатӣ сухан мегӯянд, онҳо ин камбудиро дар шахсияти худ ва он ниҳод таҳқир мешуморанд. Гап сари он аст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон, махсусан ниҳодҳои додгоҳӣ ва додситонӣ, ки худ иҷрокунандаи қонун ҳастанд ва дар ин доира низ амал мекунанд, моҳияти таҳқирро аз танқид дарк намекунанд. Ва бо ифшои як ҳақиқат ва камбудиҳо тавассути нашрияҳо, ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки фишор болои расонаҳоро афзоиш бидиҳанд.

Хуршеди Ҳамдам: -Шумо ба ин назаред, ки амалкарди ниҳодҳои давлатӣ алайҳи нашрияҳо фишор болои фаъолияти хабарнигорон ва ҳафтаномаҳост, бале?

Мухтор Боқизода: - Оре, ин фишор аст ва чунин амалкард ва баҳогузории ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додгоҳҳо муғризона ва назарногирона буда ва ҳатто аз сардрафтории онҳо далолат медиҳад.

Хуршеди Ҳамдам: - Дар чунин шароит, Созмони гиромидошт ва дифоъи аз ҳуқуқи журналистон, ки Шумо раёсати онро бар дӯш доред, барои ҳалли мушкили нашрияҳо чӣ иқдомеро рӯи даст гирифтед?

Мухтор Боқизода: - Созмони мо ҳамроҳ бо дигар созмонҳои рӯзноманигорӣ аз тариқи пахши изҳорот ва муроҷиатномаҳо, талош кардем, ки асолат ва касбияти журналисторо нишон бидиҳем, ки имрӯз ҷомеъаи Тоҷикистон ба ВАО ниёз дорад ва маҳз журналистон метавонанд, маризиҳои ҷомеъаро дармон бахшанд.

Хуршеди Ҳамдам: -Оё имкони ҳамкорӣ ё созиш миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд хоҳад дошт?

Мухтор Боқизода: -Натиҷаи чанд мулоқоту музокирот миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки тарафҳо моил ба ҳамкорӣ ва созиш ҳастанд. Танҳо он чи барои тарафҳо зарур аст, риоя шудани манфиатҳои онҳост. Ба ин далел, Шӯрои ВАО ба унвони як ниҳоди мустақили журналистӣ метавонад ба унвони миёнҷӣ дар ҳалли мушкили мавҷуди нашрияҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус дар ҷиҳати ба ҳам овардани онҳо кумаки муносибе дошта бошад.
XS
SM
MD
LG