Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "ҷасорати журналистӣ" ба хабарнигори Озодӣ


Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, барандаи ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ барои ҷасорати журналистӣ гардид. Ҷоизаи мазкур имрӯз аз ҷониби созмони журналистии "Медиа-алянс"-и Тоҷикистон супурда шуд.

Имрӯз, 3-юми май, созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати Амрико Рӯзи ҷаҳонии озодии баёнро бо як мизи гирд дар Душанбе қайд карданд.Сар аз соли 1993 бо қарори Маҷмаъи кулли Созмони милал 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод таҷлил мешавад.Дар ин мизи гирд вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Баъдан, журналистони беҳтарини соли гузашта бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар баробари хабарнигори Радиои Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод, ҳамчунин журналистони дигар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Орзу Исоев, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Нуралӣ Давлат, Пайрав Чоршанбиев ва ҳайати эҷодии Радиои Имрӯз ҷоиза гирифтанд.

Бар асоси гузориши тозатарини созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House роҷеъ ба вазъияти озодии матбуот дар ҷаҳон, Тоҷикистон бо рутбаи 78 ҳамчун ду соли пеш, дар радифи кишварҳои “ноозод” қарор гирифтааст. Ин гузориши Хонаи Озодӣ ҳафтаи гузашта нашр шуд ва дар он Тоҷикистон дар феҳрасти Хонаи Озодӣ, дар мақоми 178-ум қарор дорад ва 15 зина болотар аз даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки бадтарин вазъи матбуотро доштаанд.

Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар ҳоле таҷлил мекунанд, ки панҷ нашрияи кишвар ба баҳсҳои додгоҳӣ кашида шудаанд:

  • Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои чопи як мақола роҷеъ ба вуҷуди фасод дар ин вазорат ҳафтаномаи «Миллат»-ро ба додгоҳ кашид ва ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброн талаб намуд. Нашрияи “Миллат” низ дар посух вазоратро ба додгоҳ кашида, хостори як сомонӣ, ҷаримаи рамзӣ шудааст.
  • Додгоҳе дар шаҳри Душанбе нашрияи дигари мустақил бо номи "Пайкон"-ро ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ин қарори додгоҳ ба асоси даъвои идораи "Тоҷикстандарт" қабул шуда, ки зимни он ин идора нашрияи "Пайкон"-ро дар нашри як матлаби ба гуфтаи масъулини "Тоҷистандарт" тӯҳматомез, айбдор мекард.
  • Дар аввали соли равон ҳамзамон баҳси додгоҳӣ миёни нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди чопи номаи бози адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев алайҳи ин додрасҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, додситонии кулл ва Омбудсмени ин кишвар дар ҳафтаномаҳои мазкур шурӯъ шуд. Додрасҳои Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки дар ин нома мавриди интиқод қарор гирифта буданд, ин нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд. Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст.

Дар пайи ин қазияҳо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, САҲА, сафорати ИМА дар Душанбе аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ карданд.

Интизор меравад, мурофиаҳои додгоҳии нашрияҳо дар аввали моҳи май аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG