Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Ню Йорк дар пайи омили бомбгузори нофарҷом


Пулиси Ню Йорк мегӯяд, дар ҷустҷӯи марде аст, ки зоҳиран дар бомбгузории нофарҷом дар майдони Таймзи шаҳр даст дорад. Реймон Келлӣ, раҳбари раёсати пулиси Ню Йорк гуфт, мақомот дар пайи “як марди сафедпӯсти 40-сола ҳастанд”, ки рафтори шубҳаомезаш дар назди мошини бомбгузоришуда дар камераҳои амниятӣ сабт шудааст. Реймонд Келлӣ, ҳамчунин гуфт, ҳеҷ далели собиткунандаи иддаъои Толибони Покистон вуҷуд надорад, ки масъулияти бомбгузории рӯзи шанберо ба дӯш гирифт. Гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон, бо нашри видеое дар Интернет бомбгузории нофарҷом дар майдони Таймзи шаҳри Ню Йоркро бар ӯҳда гирифт. Ин бомб аз балонҳои газ, маводи оташзо, бӯшкаҳои бензин, симҳои барқӣ, батарея ва соат иборат будааст.
XS
SM
MD
LG