Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Келлӣ:"Далели собиткунандаи иддаъои Толибон нест"


Реймонд Келлӣ, раҳбари пулиси Ню Йорк, рӯзи якшанбе гуфт, ҳеҷ далели собиткунандаи иддаъои Толибони Покистон вуҷуд надорад, ки масъулияти бомбгузории нофарҷом дар шаҳрро ба дӯш гирифтанд. Гурӯҳи Таҳрики Толибон, бо нашри видеое дар Интернет бомбгузории нофарҷом дар майдони Таймзи шаҳри Ню Йоркро бар ӯҳда гирифт. Толибон дар ин баёния гуфтаанд, бомбгузорӣ ниқоре мебуд, барои қатли ду раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ ва ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон. Ҷанет Наполитано, вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, маъмурони амниятӣ, нақши ангуштон дар мошини бомбгузоришуда Ню Йоркро ташхис мекунанд, ки ин мошинро рӯзи шанбе дар майдони Таймз пайдо ва хунсо карданд. Ин бомб аз балонҳои газ, маводи оташзо, бӯшкаҳои бензин, симҳои барқӣ, батарея ва соат иборат будааст.
XS
SM
MD
LG