Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон рӯзи озодии баён таҷлил мешавад


Дар Душанбе, имрӯз хабарнигорони тоҷик ба муносибати рӯзи озодии баён, як силсила маросим баргузор мекунанд. “Озодии баён ва мушкилоти матбуоти Тоҷикистон” мизи гирдест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мусоидати Бунёди Сорос доир мешавад. Ҳамчунин Медиа Алянс, як созмони ҳомии хабарнигорон эълом кард, ки имрӯз “ҷоизаҳо барои ҷасорат ва маҳорати хабарнигориро ба ғолибонаш хоҳад супурд.” Рӯзи байналмилалии озодии баён дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил мешавад, ки имсол шаш ҳафтаномаи кишвар гирифтори моҷарои додгоҳӣ ҳастанд ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам мақомоти Тоҷикистонро барои чунин амалкард, башиддат интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG