Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафаси сабуки Юнони гирифтор ба бӯҳрони қарзӣ


Вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе бастаи кӯмакҳои молӣ дар ҳаҷми 110 миллиард евро ба Юнонро тасвиб карданд. Дар ин бора Жан Клод Ҷанке, раҳбари ҳайъати вазирони молияи кишварҳои иттиҳоди арзии евро, дар шаҳри Брюссел хабар дод. Вазирони 16 кишвари соҳиби евро, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Брюссел ҷамъ омада ва тарҳи ихтисоси ин қарз ба Юнонро имзо мекунанд. Пули мазкур дар зарфи се сол ба Юнон дода мешавад, ки дар вартаи бӯҳрони молӣ қарор дорад. Хосе Мануэл Барроссо, раиси Кумиссиёни Аврупо мегӯяд: "Юнон, барномаи қавии ислоҳотро тасвиб кард. Ман чанд лаҳза пеш бо нахуствазири Юнон сӯҳбати телефонӣ доштам ва ӯ ба азми қавии хеш барои ислоҳот таъкид кард. Ба эътиқоди мо, ин ягона роҳи Юнон барои таъмини субот ва шукуфоӣ барои мардумаш мебошад." Юнон қавл додааст, ки хароҷоти давлатиро тайи солҳои оянда башиддат коҳиш медиҳад ва Бонки Марказии Аврупо ҳам гуфт, ки Юнон "бояд ҳар лаҳза" омодаи коҳиши бештари хароҷотҳои давлатӣ бошад.
XS
SM
MD
LG