Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти Исроилу Фаластиниён ба музокироти сулҳ?


Мақомоти Исроил ва Фаластиниён мегӯянд, интизор доранд, ки музокироти ғайримустақими сулҳ дар рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад. Миёни ду тараф тайи як соли гузашта ҳеҷ музокироте сурат нагирифтааст ва музокироти ояндаро як шурӯъе дар бозгашти Исроилу Фаластиниён ба сари мизи музокирот медонанд. Рӯзи шанбе Иттиҳодияи Араб аз барномаи Амрико барои бозгардонидани ду тарафи муноқиша ба музокироти сулҳ ҳимоят кард. Барои мойил кардани Фаластиниён ба музокироти ғайримустақим бо Исроил, Амрико замонат додааст, ки Исроил барномаи бунёди 1600 манзили яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқиро муттавақиф мекунад. Баъди он ки Фаластиниён гуфтанд, аз Амрико замонатҳое гирифтаанд, Иттиҳодияи Араб ҳам аз музокироти ғайримустақим бо Фаластиниён ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG