Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари пулиси Арманистон аз мардум узр хост


Алик Саркиссиён, сардори раёсати пулиси Арманистон, барои золимии зердастонаш бо як муттаҳам ба ҷиноят аз мардуми ин кишвар узр хостааст, ки амалкарди беназире дар Арманистон мебошад. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, маъмурони пулис дар Арманистон, аз роҳи азобу шиканҷа хостаанд, аз Ваҳон Халафиён муттаҳам ба дуздӣ эътироф ҳосил кунанд, аммо ӯ бар асари ин шиканҷа ҳалок шудааст. Алик Саркиссиён, раҳбари идораи пулиси Арманистон гуфтааст, ки зердастонаш ӯро гумроҳ кардаанд ва кормандони пулиси масъул дар марги боздоштшуда дар назди қонун посух хоҳанд гуфт. Хешовандонаш мегӯянд, ки дар бадани Халафиёни 24-сола осори азобу шиканҷа ва ду захми теғ дидаанд.
XS
SM
MD
LG