Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи кӯмаки молӣ ба Юнон тасвиб шуд


Вазири молияи Олмон Волфганг Шобл гуфт, имконияти хубе вуҷуд дорад, то аввалин бахши кӯмак ба Юнон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба тасвиб расид, то рӯзи ҷумъа ихтисос ёбад. Маҷмӯи кӯмакҳо, ки эҳтимол меравад, ҷамъан 110 миллаирд евроро ташкил хоҳад дод, барои се соли оянда муқаррар шуда, созишномаи он рӯзи якшанбе ба имзо расид. Ҳукумати Юнон аз ҷониби худ ваъда дод, ки барномаи сарфаҷӯиро дар кишвар ба таври дақиқ иҷро хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки барномаи мазкур эътирозҳои шадиди аҳолиро ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG