Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи бомбгузорӣ дар Тайм сквери Ню Йорк


Раиси Хадамоти амнияти дохилии Амрико, Ҷанет Наполитано гуфт, мақомот нақши ангуштонеро, ки дар мошин ёфт шудаанд, озмоиш мекунанд. Вай афзуд, ҳамчунин далелҳои шаъйии зиёде дар ин мошин дарёфт шудаанд.Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг хабари кашфи як мошини шубҳаноки бомбгузоришударо дар Тайм Сквер, пуриздиҳомтарин хиёбони маркази шаҳр, тасдиқ кард. Бо кашфи ин мошин полис хиёбон ва кӯчаҳои атрофи онро ба муҳосира гирифт ва мутахассисон бомбаро безарар гардонданд. Блумберг гуфт, шаҳр аз як фоҷиаи хунине наҷот ёфт.
XS
SM
MD
LG