Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари Дима Билан ба Тоҷикистон


Дима Билан ҳангми нишасти матбуотӣ
Дима Билан ҳангми нишасти матбуотӣ

Он чӣ ки барои мухлисони Дима Билан, сарояндаи суруди машҳури «Имконнопазир имконпазир аст (Невозможное возможно)», дар Душанбе имконнопазир буд, инак имконпазир шуд.

Ситораи попи Русия низ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, бовар надошт, ки рӯзе дар Душанбе консерт баргузор мекунад ва ҳоло омаданаш ҳам аз он хаёлоти имконнопазирест, ки имконпазир шудааст. Вай гуфт, на ҳар ҳунарманд гуфта метавонад, ки ба он чӣ ки мехонад, бовар дорад, аммо ӯ воқеан бовар дорад.

Дима Билан, ситораи маъруфи мусиқии попи Русия аст, ки дар чандин озмуни байнулмилалӣ, аз ҷумла «Евровидение» дар соли 2008 пирӯз омадааст. То ба ҳол 5 албоми таронаҳояш нашр шудаанд ва дар Тоҷикистон шунавандаи зиёд доранд.

Оксана, як мухлиси ӯ мегӯяд, ба он хотир Дима Биланро хуш дорад, ки инсони босавод аст ва дар суруд ҳар он чӣ ки дорад, ворид мекунад, ҳамчун овозхони касбӣ.

Рустами Ҷонӣ, сарвари ширкати "Ориёно-Медиа" - мубтакири сафари Дима Билан ба Душанбе
Ба Душанбе Дима Билан бо ибтикори ширкати «Ориёно–Медиа» омадааст, ки сарвараш Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ин барномаҳо ҳадафҳои худро доранд.

Вай гуфт, «ин бахши аввалини барномаҳоест, ки «Ориёно-медиа» омода кардааст. Силсилаи овозхонҳои хориҷиро мо даъват мекунем. Ҳадафамон агар аз як тараф тиҷорист, аз сӯи дигар, ин аст, ки дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон чизе ба вуқӯъ пайвандад ва як ҳолати зинда дошта бошад».

Тайи як моҳи ахир ин дуввумин консерти, ба истилоҳ русӣ дар Душанбе аст. Қаблан консерти як гурӯҳи бузурги овозхонони ИДМ, аз ҷумла Лев Лешенко, Лайма Вайкуле, Олег Газманов, Анна Вески, Сосо Павлиашвили ва дигарон таҳти унвони «Таронаи дӯстон» баргузор шуда буд.

Дима Билан мегӯяд, дар баробари он иттилое, ки аз расонаҳои Русия дорад, Тоҷикистонро як кишвари назарногир намедонад, зеро дӯстони тоҷик дошту ҳоло ҳам дорад. Вай афзуд, он чӣ, ки дар Тоҷикистон мебинад, барои ӯ ошност ва кадом як «московии асил» нест, ки чизе надида бошад, зеро ӯ дар шаҳри Налчики Кабардину Балкар зистааст ва Албурз, кӯҳҳо ҳама барои ӯ ошноянд.

Дима Билан дар Душанбе як маротиба консерт медиҳад ва тибқи гуфтаи шоҳидон, қимати чиптаҳо дар «бозори сиёҳ» аз 50 то 100 доллари амрикоӣ арзиш доштаанд.
XS
SM
MD
LG