Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба манъи ҳиҷоб дар саросари Аврупо


Як узви Порлумони Аврупо даъват кард, пӯшидани бурқа дар саросари Аврупо мамнӯъ эълон гардад. Силвана Кох-Мерин гуфт, бурқа ба таври ошкоро аз арзишҳое дифоъ мекунад, ки хоси мо нестанд. Раиси Ҳизби демократҳои озоди Олмон, аз тарҳи қонуни манъи ниқоби исломӣ ҳимоят кард, ки акнун қарор аст, дар Белгия ба тасвиб расад. Президенти Фаронса Николас Саркозӣ манъи бурқа, ниқоб ва ҳиҷоби исломиро дар кишвараш талаб кардааст. Ин дар ҳоле ки вазири умури хориҷии Фаронса, Бернар Кушнер мегӯяд, чунин қонун мавриди танқидҳои байнулмилалӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG