Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз нақли ангали полиомелит ҳарос дорад


Мақомоти Русия назоратро ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ва мусофирони дигар ба воситаи Тоҷикистон ба Русия бо мақсади пешгирӣ аз сирояти полиомелит ё фалаҷи кӯдак тақвият додаанд. Сарпизишки беҳдории Русия Геннадий Онишенко, ки дар ин бора хабар дод, нагуфтааст, ин тақвияти назорат чӣ муқарраротеро дар бар хоҳад гирифт. Аммо ӯ афзуд, дар маҳалли зисти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кӯдакони то 15-сола зидди полиомелит моякӯбӣ хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки ба худи Тоҷикистон ангали полиомелит аз Ҳиндустон ворид шудааст, Онишенко нагуфт, оё чунин тақвияти назорат ба мусофирон аз Ҳиндустон низ марбут хоҳад шуд ё на.
XS
SM
MD
LG