Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг хабари кашфи як мошини бомбгузоришударо дар Тайм Сквер, пуриздиҳомтарин хиёбони маркази ин шаҳр, тасдиқ кард. Мақомоти расмӣ ин бомбгузориро "амали террористӣ" эълон карданд.

Полис мегӯяд, маводи мунфаҷира, аз ҷумла пропан, бензин, пешдаргирон ва инфиҷордиҳандаро ҳангоми тафтиши як мошини "Ниссан Пасфайндер"-и рангаш сабзи тираи шишасиёҳ, ки дар канори роҳ гузошта шуда буд, кашф кард. Зуд минтақа муҳосира ва барои ом масдуд гашта, мутахассисони безараркунандаи бомба ва сӯхторнишонҳо ба ин ҷо даъват шуданд.

Хиёбони Тайм свер яке аз пуриздиҳомтарин маҳалҳои Ню Йорк мебошад ва ҳар сония ҳазорон сайёҳ аз он дидан мекунад. Тақрибан кам ҷаҳонгарде ёфт мешавад, ки дар ин қисмати маркази шаҳр барои ёдгор худро аксбадорӣ накунад.

Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг гуфт, ки шаҳраш аз як ҳамлае наҷот ёфт, ки метавонист, хеле хунин ва марговар бошад. Вай афзуд, маълум нест, ин кори дасти кист.

Вай гуфт: "Сӯхторнишонҳо, афсарони хадамоти изтирорӣ ва безараркунандагони бомбаҳо фавран ҳозир шуданд. Мутахассисон дастгоҳи мунфаҷира будани бозёфтро тасдиқ карданд. Дар мошин зарфҳои бензин ва маводи бомбасозӣ мавҷуд буд. Коршиносони бомб ҳоло онро безарар мекунанд. Мо мошинро дар ихтиёри муфаттишони полиси Ню Йорк гузоштаем."

Дар ҳамин нишасти хабарӣ, дар паҳлуи Блумберг кумиссари Полиси Ню Йорк Реймонд Келлӣ ҳозир буд ва ба хабарнигорон чунин гуфт: "Мутахассисони бомбашиноси мо се зарфи бузурги пропан, оташгирон ва ду зарферо, ки 15 литр бензин доштанд ва ду соати батареядор, симҳои барқ ва дигар унсуреро, ки дар ақиби мошин ҷобаҷо буданд, безарар карданд ва гирифтанд."

Маълум шудааст, ки шумораҳои пешу паси мошин аз мошини дигар ба он насб шудаанд.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, аз вокуниши сареъ ва кори олиҷаноби полиси Ню Йорк ситоиш кард. Кохи сафед мегӯяд, ба президент аз воқеа лаҳза ба лаҳза хабар дода мешуд.

Ҳокими аёлати Ню Йорк, Дейвид Патерсон воқеаро "амали террористӣ" унвон кард ва аз мақомоти тафтишотӣ хост, масъулони онро пайдо кунанд ва ба ҷазо кашанд. Шаҳрдор Блумберг ба хабарнигорон гуфт, ин воқеа ёдрас мекунад, ки мо бо чӣ таҳдидҳое рӯбарӯем.

Ню Йорк аз замони ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, вақте ҳавопаймоҳо ба бурҷҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат бархӯрданд ва 3000 нафарро кушта, маркази шаҳрро ба харобазор табдил доданд, дар ҳолати омодабош қарор дорад. Яке аз охирин таҳдидҳо бомбгузорӣ дар шабакаи метрои Ню Йорк буд. Моҳи феврал, муҳоҷири афғон иқрор кард, мехост, ин тарҳро бо дастури Ал-Қоида амалӣ кунад.
XS
SM
MD
LG