Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Аҳмадинажод аз оҷонси ҳастаии СММ


Раисиҷумҳури Эрон имрӯз дар ҳоле ки барои ширкат дар ҳамоиши баррасии Созишномаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ озими Ню Йорк буд, бунгоҳи ҳастаии Созмони Милалро зери танқид қарор дод. Аз 189 кишвар ба ин ҳамоиш намояндагон ҳозир хоҳанд шуд, аммо Маҳмуди Аҳмадинажод ягона сарвари давлат хоҳад буд, ки дар он ширкат мекунад.

"Мутаассифона, оҷонс тайи чиҳил сол дар анҷоми ин маъмуриятҳо муваффақ набуд. Ҳам халъи силоҳе иттифоқ наафтод, ҳам аз ишоъа ҷилавгирӣ нашуд, чун кишварҳои ҷадиде атомӣ шуданд дар ин фосила ва ҳам касе натавонист аз ҳуқуқи қонунӣ барои баҳрамандӣ аз фанноварӣ ва тавлиди сӯхти ҳастаӣ истифода бикунад."

Иёлоти Муттаҳида талошҳоеро раҳбарӣ мекунад, ки бо фишор барномаи ҳастаии Эронро қатъ намояд. Ғарб бар ин аст, ки ҳадаф аз барномаи мазкур дастёфт ба силоҳи ҳастаист. Теҳрон ин иттиҳоро батакрор рад кардааст.
XS
SM
MD
LG