Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти кишварҳои араб аз гуфтушуниди Ховари Миёна


Лигаи кишварҳои араб аз эҳтимоли оғози гуфтушуниди ғайримустақими исроилӣ ва фаластиниҳо бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ кард. Дар ҳамоише дар Қоҳира, вазирони умури хориҷии кишварҳи узв гуфтанд, аз чунин музокирот ҳимоят хоҳанд кард. Соиб Ареқот, музокиракунандаи аршади фаластиниҳо гуфт, тасмими ниҳоиро дар ин бора кумитаи иҷроии Созмони Озодибахши Фаластин ин ҳафта хоҳад гирифт. Пештар, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, музокироти ғайримустақим ҳафтаи оянда бо сафари фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Митчелл, оғоз хоҳад ёфт. Талошҳои пешинаи оғози гуфтугӯ бо эълони Исроил дар бораи бунёди шаҳракҳои нав дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ноком шуданд.
XS
SM
MD
LG