Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраҳои маъруфи Ҳолливуд озодии Паноҳиро талаб карданд


Чеҳраҳои маъруфи синемои Амрико даъвати озодии коргардони саршиноси эронӣ Ҷафъари Паноҳӣ аз зиндонро имзо карданд. Дар нома Стивен Спилберг, Мартин Скосезе, Роберт де Ниро, Роберт Редфорд, Френсис Форд Коппола, Оливер Стоун ва дигар чеҳраҳои машҳури Ҳолливуд аз мақомоти Эрон талаб кардаанд, филмсози саршинос, барандаи бисёр ҷоизаҳои байнулмилалӣ, ки дар моҳи март боздошт шуд, ба озодӣ барояд. Моҳи гузашта вазири фарҳанги Эрон гуфт, Паноҳӣ, ки ба таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоии кишвари худ диққати зиёд медиҳад, барои таҳияи филми зиддиҳукуматӣ зиндонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG