Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи кори ширкатҳои Маским Боқиев дар Манас


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Максим Боқиев, писари президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар моҷарои фасодкории марбут ба хариди маводи сӯхт барои пойгоҳи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Манас ширкат доштааст. Додситонҳои қирғиз гуфтаанд, пойгоҳ маводи сӯхтро аз ширкатҳои Қирғизистон харидорӣ мекард, ки ба навбати худ ин маводро аз Русия мехариданд. Ширкатҳои қирғизӣ ба Максим Боқиев тааллуқ дошта, падараш барои онҳо андози ночиз муқаррар кардааст. Дар робита ба фаъолиятҳои молиявии ҳукумати Қурмонбек Боқиев боз чандин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамчунин қарор аст, парвандаҳои даврони ин ҳукумат бознигарӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG