Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони дзюдои Тоҷикистон дар соли 2010


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе тӯли се рӯз идома кард, 2-юми май бо пирӯзии паҳлавонони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқа Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо аз рӯи ҳафт вазн беш аз 140 варзишгар дар ҳайати 18 даста аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат варзиданд.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, Федеросиюни дзюдои ҷумҳурӣ ин мусобиқаро якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ» баргузор кард.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ва хонум Эн Карсон, намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуда, ба варзишгарон комёбиҳо орзу карданд.

Сипас ба собиқадорон ва аввалин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи гуштии дзюдо аз Тоҷикистон - Аҳтам Раҷабов, Тағойназар Нодиров, Ғиёсиддин Қаюмов, Амрисултон Наботов, Саймаҳмуд Маҳмарасулов, Маҳмадшариф Сулаймонов, Ҳабибулло Маҷидов, Саламшо Муҳаббатов, Анвар Бобоҷонов, Мурувватшо Бачабеков, Хайрулло Назриев ва Абдул Хушдилов тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Ширкати «Фирӯз» - сарпарасти Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон - либоси варзишии «кимано» супурда шуд.

Худойназар Боқиев, паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, ки дар рушди дзюдо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад, бо мукофоти Ширкати «Фирӯз» сафароз гардид. Бояд таъкид сохт, ки фарзандони ӯ Алишер, Рустам ва Расул ба дастовардҳои бузурги варзишӣ мушарраф шудаанд. Вале Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар иштирок накард. Ба гуфтаи Нуруллоҳ Лоиқов вай ҳамроҳи мураббиаш Владимир Елчанинов дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Тунис, баъдан дар Мисри Араб ширкат меварзад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, муовини сардовари ин мусобиқа, ба радиои Озодӣ гуфт, инҳо мувофиқи вазни худ ғолибону ҷоизадорон шуданд:
вазни то 60 кг – 1. Ҷамшед Халилов (Душанбе). 2. Олим Зикаев (Душанбе). 3. Эмомёрбек Эмомёрбеков (ВМКБ). 3. Масрид Азизуллоев (ВМКБ),
вазни то 66 кг – 1. Шӯҳрат Фахризода (Душанбе). 2. Файзиддин Саидов (Душанбе). 3. Ризвониддин Бурҳонов (Душанбе). 3. Ғаффор Гадомамадов (Душанбе),
вазни то 73 кг – 1. Саидҷалол Саидов (Душанбе). 2. Фаррух Собиров (Душанбе). 3. Сӯҳроб Раҳимов (Душанбе). 3. Исроил Неъматов (Душанбе),
вазни то 81 кг – 1. Фарҳод Раҳимов (Душанбе). 2. Фарҳод Сафаралиев (Душанбе). 3. Фурқат Назриев (Хатлон-2). 3. Ҷамшеди Иззатулло (Душанбе),
вазни то 90 кг – 1. Шералӣ Бозоров (Душанбе). 2. Раҳматулло Абдуллоев (Душанбе). 3. Хурсандулло Ҳомидов (Душанбе). 3. Абдумалик Лайлиев (ВМКБ),
вазни то 100 кг – 1. Муҳаммад Абдураҳмонов (Душанбе). 2. Набимуҳаммад Хоркашев (Душанбе). 3. Афлотун Зарифбеков (ВМКБ). 3. Бахтиёр Обидҷонов (ноҳияи Рӯдакӣ),
вазни +100 кг – 1. Шавкат Иқболов (Душанбе). 2. Муҳаммадамин Хонов (Душанбе). 3. Нурулло Неъматов (н. Рӯдакӣ). 3. Ҳаким Ҳакимов (Хатлон-1).

Ғолибон ва барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бо медалҳои тилло, нуқраю биринҷӣ, ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федеросиюни дзюдои кишвар, инчунин, тӯҳфаҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мукофотонида шуданд.
Ба гуфтаи Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, паҳлавононе, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб шуданд, дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG