Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи як мошини бомбгузоришуда дар Ню Йорк


Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг хабари кашфи як мошини шубҳаноки бомбгузоришударо дар Тайм Сквер, пуриздиҳомтарин хиёбони маркази шаҳр, тасдиқ кард. Бо кашфи ин мошини ҷипи бузургҳаҷм полис хиёбон ва кӯчаҳои атрофи онро ба муҳосира гирифт ва мутахассисон бомбаро безарар гардонданд. Блумберг гуфт, шаҳр аз як фоҷиаи хунине наҷот ёфт. Дар ҳоли мунфаҷир шуданаш, афзуд шаҳрдори Ню Йорк, бомба талафоти зиёди ҷонӣ ва вайрониву сӯхтор ба думбол дошта метавонист.
XS
SM
MD
LG