Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Доғистон муҷозоти қотилони писарашро талаб дорад


Шаҳрванди Доғистон, Умахон Удаманов, ки мегӯяд, навори қатли писараш ва як тоҷикро дар интернет дидааст, бори дигар аз мақомоти олии Русия боздошт ва муҷозоти қотилонро талаб кард. Дар навори видеоие, ки соли 2008 дар интернет пайдо шуд, сартарошидаи рус бо нидои "Шараф ба Русия!" муҳоҷири даступобастаи тоҷикро бо тири туфангча ва доғистониро бо буридани сар ба ҳалокат мерасонад. Писари хурдии Удаманов дар ин видео бародари худ Шомил ва сарулибоси ӯро шинохтааст. Ҳувияти муҳоҷири тоҷик муайян нашуда, касе аз Тоҷикистон даъвое накардааст. Баъд аз номаи Умахон Удаманови 68-сола ба президенти вақти Русия, Владимир Путин парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо то ҳанӯз натиҷае надодааст. Дар ҳоле ки қаблан навори видео қаблакӣ унвон мегашт, 5-уми июни соли 2008 Кумитаи таҳқиқи назди Додситонии кулли Русия воқеӣ будани онро ба исбот расонд.
XS
SM
MD
LG