Пайвандҳои дастрасӣ

13 кишвар дар паради 9 майи Маскав ширкат хоҳанд кард


Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар тамрини паради ҳарбии 9-уми май, Рӯзи пирӯзӣ бар фошизм, намояндагони ҷузвутомҳои намоишии Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Лаҳистон, Озарбойҷон, Арманистон, Украина, Беларус, Молдова, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Аз ҳар кадомин 13 кишвар 70 нафарӣ дар паради ҳарбӣ ширкат карда, ҳангоми гузаштан аз Майдони Сурх онҳо парчамҳои давлатии худро пеш хоҳанд бурд. Дар ҳоле ки ба намоиши низомӣ кишварҳои ширкаткунандаи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум даъват шудаанд, собиқадорони ҷанг аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Болтик чунин даъватнома нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG