Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи ҷадиди Лигаи олӣ - «Хайр»-и Ваҳдат дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5-0 пирӯз шуд.

Аввалин бозии «Хайр» дар майдони хеш дар Рӯзи байнулмилалии якдилии меҳнаткашон – 1-уми Май сурат гирифт. Аз тамошои ин бозии шавқангез, ки ба иди варзишӣ табдил ёфт, беш аз 7 ҳазор мухлис дар варзишгоҳи «Хайр» лаззат бурданд. Пеш аз шурӯи бозӣ ҳунармандони маъруфи кишвар ва овозхонҳои ҷавон, инчунин, варзишгарони наврас бо ҳунари волои худ хотири тамомошобинонро шод гардонданд.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Анвари Вайсиддин, раиси шаҳри Ваҳдат, ва Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳозиринро бо оғози мавсими нави футбол дар Ваҳдат муборакбод гуфтанд. Сипас Суруди миллии Тоҷикистон садо дод ва капитанҳои ҳарду даста - Исроил Идиев ва Зокир Абдулхайров Парчами давлаии кишварро барафрохтанд.

Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон ҷараён гирифт. Исроил Идиев, капитани «Хайр» дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Чаҳор голи дигарро Мирзобек Мирзоев (ду гол), Олим Зарифов ва Олим Юсуфов дар нимаи дуюми бозӣ ба самар расонданд.



Қутбиддин Хайров, раиси бошгоҳи футболи «Хайр» ва ҳамзамон сарпарасти ин даста, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ҳарчанд дастаи «Хайр» дар мусобиқаи Лигаи олӣ соли аввал бозӣ мекунад, мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки дар байни се тими пешсаф ҷойгир шавем. Мо ба қувваи худ бовар дорем, зеро дар ҳайати даста бозигарони пуртаҷриба, монанди Исроил Идиев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Ҷамолиддин Оев, Низом Раҳимов, Мирзобек Мирзоев, Далер Шарифов, Парвиз Турсунов ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин мо ба даста легионери эронӣ даврвозабон Воҳид Алӣ Обидиро даъват намудем, ки дар бозии нахустинаш бо «Равшан» маҳорати баланд зоҳир кард ва дарвозаи «Хайр»-ро аз гол эмин дошт».

Ба ин тартиб дастаи «Хайр» пас аз ғалабаи нахустинаш дар сабқати Лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа бо 4 имтиёз ду зина боло – ба ҷои 6-ум баромад. Вале дастаи «Равшан», ки дар мусобиқаи имсола барои бори чаҳорум шикаст хӯрд, дар зинаи охирини ҷадвал ҷойгир шудааст.

Бозии охирини даври панҷум бегоҳи 2-уми май дар шаҳри Хуҷанд байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Вале мавқеъи ҳарду даста дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 13 хол дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 12 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 10 имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 3-юми май

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

5

4

1

0

17-1

13

2.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5

4

0

1

6-2

12

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

10-3

10

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

1

3

1

5-8

6

5.

«Энергетик» (Душанбе)

5

1

2

2

6-5

5

6.

«Хайр» (Ваҳдат)

4

1

1

2

6-6

4

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

4

1

1

2

4-5

4

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

5

0

2

3

1-11

2

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

5

0

1

4

1-15

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 7 гол дар ҷои аввал аст.
Даври 6-ум
3-уми май (душанбе)

«Истиқлол» - «Вахш»
8-уми май (шанбе)
ССКА «Помир» - «Хайр»
9-уми май (якшанбе)
«Энергетик» - «Регар» ТадАЗ
«Парвоз» - «Хуҷанд»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG