Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Густариши фоҷеабори олудагиҳои нафт дар халиҷи Мексика


Густариши оби нафтолуд дар халиҷи Мексика, ки дар пайи тахриби лӯлаи нафт сар задааст, сокинони иёлоти наздибаҳрии Амрикоро сахт нигарон кардааст. Интизор меравад, имрӯз раисиҷумҳур Барак Обама ба ин минтақа сафар кунад.

Боб Ҷиндал, волии иёлати Луизиана, ки бештар аз дигар иёлоти ИМА дар маърази таҳдид қарор дорад, аз пайомадҳои хатарбори паҳншавии нафт дар соҳили ин минтақа ҳушдор дода гуфтааст, вазиши шадиди бод ахиран корҳои пешгирӣ аз густариши оби олударо мушкил кардааст.

Мақомоти иёлати Луизиана дар робита ба ин ҳодиса вазъи изтирорӣ эълон кардаанд. Фармондори Луизиана аз мақомоти федеролӣ ба манзури рафъи ин офат эъзоми то 6 ҳазор сарбози Горди миллӣ ва кӯмакҳои молӣ дархост кардааст.

Ҳодисаи тарқиши лӯлаи нафт дар халиҷи Мексика, воқеъ дар ҷануби Амрико, рӯзи 20-уми апрел бар асари инфиҷор дар истгоҳи нафткашии баҳрӣ рух додааст. Ба ҳисоби мақомот, дар пайи ин инфиҷор ҳар рӯз то 5 ҳазор бушка нафт ба оби баҳр мерезад ва масоҳати олудашудаи обҳои халиҷи Мексика ба масоҳати кишваре, чун Ямайка баробар шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тааҳҳуд супурдааст, ки ба манзури рафъи ин офат аз тамоми захоири мумкин, бо шумули захоири низомӣ кор хоҳанд бурд. Интизор меравад, ки имрӯз ӯ барои ошноӣ бо вазъ ба маҳалли ҳодиса сафар кунад.

Бахши зиёде аз нафт ва гази Амрико аз манобеи зери оби халиҷи Мексика таъмин мешавад. Дар пайи таркиши чоҳи нафт ду истгоҳи истихроҷи гази табиӣ фаъолияти худро дар ин халиҷ манъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG