Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди полис ва эътирозгарон дар Афина


Эътирозгарон ва полис дар Афина, пойтахти Юнон дар ҷараёни тазоҳуроти зидди чораҳои сарфаҷӯёнаи ҳукумати Юнон бо ҳам даргир шуданд. Полис барои пароканда кардани норозиён аз гази ашковар истифода кард. Тазоҳурот ҳамчунин Тессалоники, дувумин бузургтарин шаҳри Юнонро ба хушунат кашид. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Юнон бояд ба хотири дарёфти кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул барномаи сарфакории худро эълом дорад. Эҳтимол меравад ба Юнон то 120 миллиард евро кӯмак расонда шавад.
XS
SM
MD
LG