Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди тарҳи сарфаҷӯӣ дар Юнон


Ҳазорон нафар аз норозиён дар Афин, пойтахти Юнон эътирози худро аз чораҳои сарфаҷӯии ҳукумати Юнон баён доштанд, ки ба хотири коҳиши қарзи хориҷии ин кишвар ҷорӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бояд Юнон, Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул тарҳи кӯмак ба Юнонро ба имзо расонанд. Бар пояи он дар давоми сол ба Юнон бояд 60 миллиард доллар қарз дода шавад ва дар се соли оянда 120 миллиард евро. Эътирози мардум аз он аст, ки чораҳои сарфакоронаи ҳукумат ба манфиати мардуми одӣ зарба мезанад.
XS
SM
MD
LG