Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози эм ё моякӯбии зидди полио дар Тоҷикистон


Пизишкони тоҷик сар аз рӯзи шанбе маъракаи густардаи эм ё моякӯбии зидди полиомелитро дар кишвар оғоз карданд. Ин беморӣ, ки даҳ сол пеш аз Тоҷикистон комилан ғайб зада буд, дубора пайдо шудааст ва мегӯянд, ангали он аз Ҳиндустон омадааст. Ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон, Аъзам Мирзоев гуфт, дар натиҷаи озмоиши 100 парванда 32 мавриди сирояти ин беморӣ тасдиқ шудааст. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Сона Барӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторони беморӣ дар Тоҷикистон ба 171 нафар расидааст. Ин созмон роҳҳои интиқол ёфтани ангал аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ва шеваҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани он дар дигар давлатҳои Осиёи Марказиро меомӯзад.
XS
SM
MD
LG