Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлил аз Иди 1-уми май дар кишварҳои ҷаҳон


Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон бо раҳпаймоӣ ва тазоҳурот аз Рӯзи байнулмилалии кор таҷлил карданд. Дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ҳазорон тан аз коммунистон ва миллатгароён ва ҳамчунин тарафдорони ҳизби ҳокими сарвазир Владимир Путин раҳпаймоӣ намуданд. Коргарон дар Туркия аввалин бор аз соли 1977, замоне ки бар асари тирандозӣ дар майдони Тақсими Истамбул 36 тазоҳуркунанда кушта шуданд, ин ҷо гирдиҳамоӣ карданд. Дар ҳоле ки якуми май дар Тоҷикистон расман Иди меҳнат эълон шудааст, маҳфил ё ҷамъомаде дар ин робита барпо нагаштааст.
XS
SM
MD
LG