Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паноҳандаи бозгаштаи Андиҷон ба 10 соли ҳабс маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Андиҷони Узбакистон собиқ паноҳанда Дилором Абдуқодироваро, ки аз Австралия ба ватанаш баргашт, бо иттиҳоми ташкили тазоҳуроти панҷ сол пеш ба 10 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Абдуқодироваи 44-сола дар миёни 400 сокини Андиҷон буд, ки дар рӯзҳои саркӯби хунини тазоҳуроти соли 2005, ки дар он садҳо нафар кушта шуданд, ватанашро тарк кард ва бо кӯмаки Кумиссионери олии СММ дар умури паноҳандагон ба Австарлия кӯчид. Хешовандонаш мегӯянд, вай ҳарчанд як бонуи исломдӯст аст, дар додгоҳ сари луч ва хаставу ранҷур ҳозир шуда, ба одамон нигоҳ намекард. Бародари Абдуқодирова, Муҳаммадҷон Мӯъминов мегӯяд, хоҳараш зери шиканҷа гуноҳҳои накардаеро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG