Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Қирғизистон ҷамъиятӣ шуд


Ҳукумати муваққати Қирғизистон бо нашри як қарори нав Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ин кишварро ба Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон табдил дод, ки аз тарафи Шӯрои мустақил идора хоҳад шуд. Ноиби раиси ҳукумати муваққат Омурбек Текебоев гуфт, ин тасмим барои он гирифта шудааст, то нишон диҳад, ки фаъолиятҳои ҳукумат шаффоф хоҳанд буд. Вай афзуд, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистони мустақил ба узвияти Шӯрои нозирони телевизиони баргузида мешаванд. Ҷамъиятӣ кардани телевизион ва радио яке аз ваъдаҳои аввалини Ҳукумати муваққати Қирғизистон баъд аз барканории президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба таърихи 7-уми апрел буд. Дар гузашта низ сарони оппозисюни Қирғизистон борҳо аз Боқиев талаб карда буданд, радио ва телевизионро аз зери назорати шадиди давлат хориҷ кунад. Раиси дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек Қубод Оторбоев иҷрокунандаи вазифаи раиси Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон таъин шуд.
XS
SM
MD
LG