Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як фармон вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатиро барои муқобила бо фасод масъул карда ва посухгӯии қонунӣ барои фасод дар ниҳоди зери назарашонро бар дӯши раҳбарон гузоштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар зарфи се моҳи дигар барномаи усули иҷрои фаромро таҳия ва амали онро таъмин кунад.

Ҳадаф аз ин иқдом, тақвияти барномаҳои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар шохиси Transparency International дар соли гузашта Тоҷикистон дар сафи мамолики фасодзада ҷой дошт.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро дар ин шохис дар мақоми 158 ҷой дода, сатҳи фасодро бо 2 хол арзёбӣ карда буданд. Сатҳи фасод дар дигар кишварҳои минтақа – Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон аз ин ҳам пойинтар аст.

Тоҷикистон ба манзури мубориза бо фасоди идорӣ дар ҳудуди чор соли пеш Оҷонси махсуси мубориза бо фасод дар назди раёсати ҷумҳуриро ташкил кард.

Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 206 мавриди ҷиноёти марбут ба фасодро ошкор кардаааст. Раиси ин ниҳод Фаттоҳ Саидов гуфтааст, аз ин шумор 63 мавридаш ба сирқати амволи давлатӣ ва 33 мавриди дигар марбут ба ришвахорӣ аст.

Ба гуфтаи оқои Саидов, имсол парвандаи 68 масъули давлатӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шуда, 258 мансабдорро ба масъулияти интизомиву ҷарима кашонидаанд.

Фармони ахири раисиҷумҳур дар марвиди фасод низ ба назари коршиносон бозгӯи ҳамчунон афзоиши мизони фасод аст ва ба ин васила, яъне масъулият бор кардан ба вазирон, раисиҷумҳур талош дорад, аз густариши бештари он ҷилавгирӣ кунад.

Фаттоҳ Саидов: "Барои афв пора гирифтаанд"

Фасод дар бонкҳо бештар шудааст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG