Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар остонаи таҷлил аз 65 солагии ҷашни пирӯзи бар фашизм Русия дари бойгонии қатлҳои Катинро боз кард. Аммо масъулони бойгонии давлатии Тоҷикистон аз вуҷуди мавод ва парвандаҳои марбут ба репрессия ё саркӯбиҳои сталинӣ изҳори беэътиллоӣ карданд.

Онҳо мегӯянд, чунин аснод дар бойгонии вазорати корҳои дохилӣ ё кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон маҳфузанд.

Бар асари репрессияи солҳои 30 -уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар кушта ва зиндонӣ шудаанд. Аз сӯи дигар, ин таърихи талхи миллати тоҷик аст, ки бояд барои ҷомеъа ошкор бошад. Оё давлати Тоҷикистон ҳозир аст, ки дари бойгониҳои марбут ба замони репрессияи сталиниро барои ҷомеъа ва мардум боз кунад?

Беш аз 70 сол аз репресияи сталинии даврони шуравӣ мегузарад, аммо ин давраи нангини таърих барои миллатҳои мухталиф, ба хусус тоҷикон танҳо дар ёдҳо боқист.

Таърихе аз ёдҳо, хотираҳо ва шунидаҳо


Чаро аз ёдҳо, хотираҳо ва ё шунидаҳо? Чун бо гузашти ҳудуди 20 сол аз касби истиқлоли Тоҷикистон маводу парвандаҳои марбут таърихи шӯравии кишвар ҳамоно махфӣ нигоҳ дошта мешаванд ва дастрасӣ ба ин бойгониҳо мамнӯъ аст.

То ҳол давлати Тоҷикистон иқдом ба боз кардани парванда ва асноди замони сталинӣ накардааст. Тоҷикистон низ дорои ниҳоди вижаи бойгонӣ ҳаст, ки аз соли 1931 то кунун фаъолият дорад ва дар ин муассиса ба гуфтаи масъулони он тамоми мавод ва парвандаҳо нигаҳдорӣ мешавад.

Аммо вақте дар бораи маводу парвандаҳои замони репрессияи сталинӣ аз Меҳриниссо Носирова, директори бойгонии давлатӣ пурсидам, посухи рад гирифтам.

«Намедонам, лекин якбор як нафари дигар омада буд, пурсида буданд, инҷо ҷавоб додагӣ буданд, кӯҳна кормандонамон ва роҳбарият, ки ё дар МВД (ВКД) ё дар КГБ (КАМ) аст. Ростӣ, дар мо як намуд ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки махфӣ ҳастанд, вале ман ки доступ (дастрасӣ) надорам, намедонам, ки кадомӣ намуд аст».


“Ин парвандаҳо ҳанӯз дар ихтиёри КГБ ҳастанд”

Аммо ба эътиқоди Виктор Дубовитский, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху археологияи Академияи улуми Тоҷикистон низ маводи марбут ба даврони сталинӣ ва дар маҷмӯъ парвандаҳои солҳои 20-ум ва 30-уми асри гузашта дар бойгонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

“Ҳуҷҷатҳое амсоли репрессияи сталинӣ ва умуман он чи ба воқеаҳои солҳои 30 ва 40 – ум тааллуқ дорад, албатта дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Вале бидуни шак ин гуна мавод дар бойгонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маҳфузанд. Дар бойгониҳои давлатӣ ва умумӣ ин гуна ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳоро дуҷор омадан мумкин нест. Зеро тибқи моҳият, ин санадҳо дар ниҳоде нигаҳдорӣ мешуданд, ки одатан аз сӯи ин органҳо маврид тафтишу баррасӣ қарор мегирфтанд».


Аммо талоши мо барои дарёфти иттилоъ дар бораи маводу ҳуҷҷатҳои замони сталинӣ аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ самаре надод.

“Репресиягарон ҳанӯз зиндаанд”


Суоли матраҳ низ ин аст, ки оё мақомоти давлати Тоҷикистон омода ҳастанд, ки ҳатто баъзе аз асноди замони репрессияи сталиниро барои ҷомеъа ошкор кунанд?

Абдуфаттоҳ Воҳидов, соҳибназари тоҷик дар посухи ин суол гуфт мегӯяд: «дар солҳои 30-ум оилае нест, дар Тоҷикистон, ки хешу табораш ё падараш ва ё бобояшро репрессия накарда бошанд. Ҳар касе, ки як ҷон дошт, гов дошт ӯро ҳатман кулак гуфта репрессия мекарданд. Ва табиист, ки моро аз Русия омада репрессия намекарданд. Албатта, худиҳо ин корро мекарданд. Онҳо бархе ҳанӯз зинда ҳастанд ва то замоне, ки онҳо аз байн наравад, кушодани парвандаҳои замони репрессия имкон нахоҳад дошт. Зеро агар ин кор шавад. Ҳатман хешу таборони афроди репрессияшуда қасос хоҳанд гирифт».

Абдуфаттоҳ Воҳидов, сардабири собиқи “Ҷавонони Тоҷикистон”яке аз муҳимтарин рӯзномаҳои Тоҷикистони шӯварӣ, аз ҷумлаи хабарнигоронест, ки дар охири даҳаи 1980 милодӣ, дар даврони ошкорбаёнии Горбачёвӣ талош кардааст, то барои таълифи асаре дар бораи як нафар қурбонии замони сталинӣ аз маводи маҳфуз дар бойгонии вақти Ҳизби коммунист истифода кунад.

Аммо ин кор ба вай муяссар нашуд ва ӯ қиссашро дар асоси нақлу ривоятҳои қаҳрамонаш таҳия ва чоп кардааст.

Ҳарчанд чунин шева метавонад, қадаме дар ҷиҳати бозгӯи даҳшатҳои он замони талхи таърих бошад, аммо аз назари таърихнавис Виктор Дубовитский асари комили илмӣ ва таҳқиқӣ шуда наметавонад.

Бо вуҷуди як гӯшаи таърихи халқи тоҷик будани замони репрессияи сталинӣ, то ҳол ҳеҷ як муаррих ва муҳаққи тоҷик ба таври муфассал ин мавзӯъро пайгирӣ ва мавриди баррасии илмӣ қарор надодааст.

Масов ихлосманди Сталин ё коҳиши таваҷҷӯҳ ба замони Сталин

Академик Раҳим Масов муҳаққиқи таҳаввулоти солҳои 20 ва 30 асри гузашта аст ва саҳми муносибе дар пажӯҳиши таърихи ба истилоҳ «табартақсим» дар Осиёи Миёна ва сабабҳои маҳрум шудани тоҷикон марказҳои таърихии худ гузоштааст, вале ба мавзӯъи репресияи сталинӣ напардохтааст.

Баъзеҳо бар инанд, ки академик Масов, ки аз ихлосмандони Сталин ва русҳо аст ва ба ин далел ба ин мавзӯъҳо даст назадааст. Имрӯз дар замони истиқлоли Тоҷикистон низ пажӯҳишгаре майли омӯзиши бедолатиҳои даврони репресияи соли 1937-ро накардааст.

Назари Виктор Дубовитский дар ин замина мегӯяд: «Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳангоме, ки тамомии илм ба бӯҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид, бештари мутахасисони соҳа Пажӯҳишгоҳи таърихро тарк карданд ва ба хориҷи кишвар рафтанд. Ҷавонон бошанд, қариб, ки таваҷҷӯҳ ба илм ва масоили тадқиқиро надоранд. Зеро онҳо хоҳиши бо маоши кам кор карданро надоранд, чи рассад ба пажӯҳиши мавзуъоте аз қабили репресияи сталинӣ».

Сафари Абдулаҳад, устоди Донишгоҳ сабаби ин амрро дар ангезаи сиёсӣ касб кардани мавзӯъ медонад: «Агар таъқиби солҳои 37 –и Шӯравӣ, маврди таҳқиқу пажӯҳиш қарор бигард, ин шояд ба муносиботи миёни Тоҷикистон ва Руссяи ягон латма ворид кунад. Ба ин далел муҳаққион низ аз таҳқиқи ин мавзӯъ дӯрӣ меҷӯянд».

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, ходимони намоёни давлатии Тоҷикистони шуравӣ, ки дар даврони истиқлол унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро соҳиб шудаанд, аз қуробониёни даврони сталинӣ маҳсуб мешаванд.

Албатта дар бораи онҳо ва баъзе афроди ҷабрдидаи замони репрессияи сталинӣ таълифоти ҷудогона анҷом шудааст. Вале боз ҳам ин таҳқиқот дар асоси истифода аз маводҳои бойгониҳои мавҷуд дар Маскав ва ё бар нақлу қиссаҳои пайвандони онҳо сурат гирифтааст.

Ҳамакнун соҳибназарон бар инанд, ки шояд сирҳои нуҳуфта ва ҳамзамон «сияҳкориҳо» -и солҳои 1937, ки бо номи репрессияи сталинӣ дар кишварҳои пасошуравӣ ва ҷаҳон маъруф аст, ҳангоме ошкор шавад, ки дигар барои хешону пайвандони «қурбониён»-и он замон даркор нашаванд.

Аммо бойгонии КГБ-и Тоҷикистон кай боз мешавад?


Ҳоло касе намедонад, ки кай ҳукумати Тоҷикистон дари бойгониҳоро барои ҷомеъа ва мардум боз хоҳад кард. Дар ҳоле, ки манобеъи таърихӣ оғози репрессия дар Шӯравиро пас аз Инқилоби Октябри соли 1917 медонанд ва гуфта мешавад соли 1937 дар замони ҳукумати Сталин он густариши чашмгире пайдо кард ва то охири умри доҳӣ давом намуд.

Мардуми тоҷик бештарин талафотро низ дар ин давра, ба хусус дар инқилоби соли 1920 Бухоро ва замони репресияи сталинӣ дар соли 1937 рӯ ба рӯ шуд.

Тибқи баъзе оморҳо танҳо дар солҳои 1937 ва 1938 ниҳодҳои интизомии вақти Шуравӣ беш аз 1, 5 миллион наарф сокини Шуравиро зиндонӣ карда ва зиёда аз 680 ҳазор нафари дигар кушта шуданд.

Ба қавле хонадоне нест, ба хусус дар Тоҷикистон ки касе аз аъзои он, қурбони репресияи сталинӣ нашуда бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG