Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз фаъолони ҳизби "Мусавват" дар Боку


Раиси бахши ҷавонони "Мусавват", ҳизби мухолифи ҳукумати Озарбойҷон, ахиран боздошт ва барои даҳ рӯз маҳкум ба зиндон шуд. Намояндаи вазорати умури дохилаи Озарбойҷон Эҳсон Зоҳидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Турал Аббослӣ барои ташкили бенизомиҳои иҷтимоӣ муҷозот шудааст. Ӯ дар бораи кай ва чӣ ҷиноят содир кардани Аббослӣ тафсилоте надод. Эҳсон Зоҳидов ҳамчунин гуфт, ки дар бораи макони будубоши Аббослӣ иттилоъе надорад. Наиба Ҳасанова, яке аз хешовандони Аббослӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди ношинос Аббослиро баъди он боздошт карданд, ки ӯ аз манзилаш дар минтақаи Насимии Боку берун мешуд.
XS
SM
MD
LG